Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон минакории марзро идома додааст


Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ҳукумати Узбакистон то соли гузашта ҳам марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро минакорӣ кардааст. Дар гузорише дар бораи саҳми Амрико дар барчидани минаҳо дар кишварҳои Осиё омадааст, ки Иёлоти Муттаҳида то кунун барои барчидану маҳви минаҳо ва дигар аслиҳаи нотаркида, ба Тоҷикистон тақрибан 7 миллион доллар кӯмак кардааст ва қасд дорад, ба ин кораш идома бидиҳад. Дар ин гузориши вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида омадааст, Тоҷикистон, дар марзҳояш бо Афғонистон аз шӯравии собиқ майдонҳои минакоришуда мерос гирифтааст ва дар дохили кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ. Узбакистон, ки баъд аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 ба минакории марзҳояш шурӯъ кард, ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико, қитъа ба қитъа минакориро идома медиҳад ва то соли 2012 ба кишти ин аслиҳаи маргбор дар имтидоди марзи ду кишвар идома додааст. Давлати Узбакистон гуфтааст, ки ин марзашро бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди тундравон ба қаламраваш анҷом медиҳад, аммо то кунун дар майдонҳои минакоришуда дар марз, садҳо нафар мардуми бегуноҳ, ба шумули кудакони тоҷику узбак кушта ва ё бедаступо шудаанд.
XS
SM
MD
LG