Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 5 тан дар иртибот бо куштори зани полис


Дар иртибот бо куштори афсари полис афғон хонум Нигор панҷ нафар дастгир шудаанд.

Рӯзи сешанбе сухангӯи полиси вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон гуфт, дар иртибот бо куштори лейтенант Нигор панҷ муттаҳам боздошт шудаанд.

Хонум Нигор, ки охири ҳафтаи гузашта лар шаҳри Лашкаргоҳ мавриди ҳамлаи силоҳбадастони савори мотосикл қарор гирифта буд, рӯзи душанбе дар шифохона вафот кард.

Моҳи июл зани дигари афсари бадандпояи полис дар ин минтақа ба қатл расида буд.
XS
SM
MD
LG