Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрас талаб кард, зан ниқобро аз рӯй бардорад


Зани ниқобпӯш дар Бруссел
Зани ниқобпӯш дар Бруссел
Як додрас дар Британия иҷозат додааст, ки зани мусулмон дар додгоҳ бо ниқоб ҳузур дошта бошад, вале ӯ таъкид кардааст, ки ҳангоми додани шаҳодат ин зан бояд ниқобро аз рӯяш бардорад.

Додрас Питер Мерфӣ дар яке аз додгоҳҳои шаҳри Лондон гуфтааст, дар ҷараёни мурофиа ин зани 22-солаи мусулмон, ки бо таҳдид ба шоҳид муттаҳам мешавад, ӯ метавонад бо ниқоб нишинад, вале вақте ба суолҳои додрас посух медиҳад, бояд ниқобро аз рӯяш бардорад.

Вакили мудофиаи ин зан исрор меварзад, ки бардоштани ниқоб поймолшавии ҳуқуқи ин зан аст.

Вале додрас таъкид мекунад, ки пинҳон намудани рӯй мухолифи қонунҳои Англия ва Уэлс аст, ки асрҳо инҷониб пой бар ҷо мебошанд.
XS
SM
MD
LG