Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон назорати шабакаҳои иҷтимоӣ барқарор шуд


Мақомоти Эрон монеа рӯи шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттерро барқарор намуданд.

Хабаргузориҳои Эрон аз нақли Абдусамад Хурамободӣ-узви Шӯрои нозири интернети Эрон, иттилоъ медиҳанд, ки бар асари камбудии фаннӣ филтерҳои интернетӣ муддате аз кор монда буданд.

Президенти тозаинтихобшудаи Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ваъда додааст, ки баҳри тавсеаи озодиҳо дар Эрон талош хоҳад варзид.

Дар ҷумҳурии исломии Эрон интернет таҳти назорати рӯҳониёни муҳофизакор қарор дорад ва рахнаи рӯзи гузаштаро шореҳон ҳамчун мубориза байни гурӯҳҳои рақиб арзёбӣ мекунанд.

Ҳафтаи гузашта якчанд вазири ҳукумати эрон дар Фейсбук саҳифаҳои худро боз намуданд ва баҳси назорати шабакаҳои иҷтимоӣ авҷ гирифт.
XS
SM
MD
LG