Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз вазъи занони афғон нигарон аст


Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пилай аз вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон нигарон аст.

Рӯзи сешанбе дар Афғонистон ӯ гуфт, ҳомиёни ҳуқуқи башари афғон ба ӯ ҳушдор додаанд, ки тамоми пешрафти соҳаи ҳуқуқи башар дар 12 соли ахир, метавонад беасар шавад.

Пилай мегӯяд, ба ӯ шаҳодатҳоеро нишон додаанд, ки маҳдудшавии ҳуқуқ ва ба вижа ҳуқуқи занонро собит мекунад.

Дар ҳоле ки нерӯҳои афғон масъулияти тамъмини амнияти ин кишварро бар дӯш мегиранд, хонум Пилай иброз доштааст, ки дар ин раванд набояд эҳтимроми ҳуқуқи башар қурбонӣ шавад.

Соли 20144ум дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор шуда, нерӯҳои зери раҳбарии памони НАТО аз ин кишвар берун хоҳанд шуд.

Рӯзи душанбе аснои дафни як афсари баландпояи полис хонум Нигор таҳдид ба занониа фғон бори дигар ёдрас шуд.
XS
SM
MD
LG