Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар ноҳияи Мӯъминобод, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон коне кашф шудааст, ки ба ҳисоби мутахассисон захираи бузурги тилло дорад.

Пирмад Зарипов, раиси ноҳияи Мӯъминобод рӯзи 17 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин кони тилло дар ҳамкорӣ бо мутахассисони рус коркард мешавад"

Ба гуфтаи ҷаноби Зарипов, ин нахустин кони тилло дар ноҳияи Мӯъминобод аст, ки дар наздикии маркази ноҳия, дар деҳаи Момандиён чойгир аст.

Феълан дар Шӯрообод, 5 кони тилло фаъол аст, ки аз ҷониби чиноиҳо коркард мешавад.

То чанд соли пеш дар минтакаи Кӯлоб танҳо дар мавзеъи Шугнови ноҳияи Ховалинг кони тилло вуҷуд дошт.
XS
SM
MD
LG