Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии наврасони тоҷик дар бозии санҷишӣ бар Кувайт


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Кувайт бар дастаи мунтахаби наврасони Кувайт пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар Кувайт шоми душанбе, 16-уми сентябр, дар бозии санҷишӣ бар дастаи мунтахаби наврасони Кувайт (U-15) бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуд.

Голҳоро Муҳаммадҷони Ҳасан (дақиқаи 21-ум), Собирҷон Гулаков (29), Ҳокимҷон Ҳасанов (43), Рустам Толибов (48) ва Ҳиматулло Муллодӯстов ( 77) заданд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин бозии санҷишӣчунин буд: Беҳрӯз Хайриев (Шаҳром Исмоилов, 24, Фирӯз Бекмуродов, 60), Сироҷиддин Гулмуродов (Илхомҷон Бердиалиев, 46), Абубакр Азимов (Фирӯз Ризомов, 41), Алишер Сафаров (Табрези Давлатмир, 32), Сӯҳроб Мирзоев (Сомон Мавлонов, 46), Худойдод Узоқов (Ҳокимҷон Ҳасанов, 29), Муҳаммадҷони Ҳасан (Ҷамшед Махсумов, 35), Сӯҳроб Муъминов (Эҳсони Панҷшанбе, 41), Муҳаммадҷон Шарифов (Кароматулло Саидов, 24), Собирҷон Гулаков (Ҳиматулло Муллодӯстов, 30), Рустам Толибов (Саидҷон Шарифов, 48).

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки 15-уми сентябр ба пойтахти Кувайт – Ал-Кувайт омад, дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Ҳиндустон (21-уми сентябр), Бутан (23-юми сентябр), Кувайт (27-уми сентябр) ва Лубнон (29-уми сентябр) рақобат мекунад.
Мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба ҳайати даста 23 футболбозро дохил кардааст.
XS
SM
MD
LG