Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 медали наврасони тоҷик дар Бозиҳои варзишии авруосиёӣ


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷараён доранд, 15 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин бозиҳо, ки бо тасмими кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шудаанд, варзишгарони навраси солҳои таваллудашон 1996 – 2000-ум аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Ба барномаи Бозиҳо 13 навъи варзиш дохил аст. Варзишгарони наврас барои 232 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 20-уми сентябр мубориза мебаранд.

Ба иттилои бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сабқати дзюдо паҳлавонони навраси тоҷик - Темур Раҳимов дар вазни то 90 кг ва Ардашер Мирзоев дар вазни +90 кг медалҳои тилло, Парвиз Расулов дар вазни 73 кг, Хурсанд Давлатов дар вазни 66 кг, Шакаралӣ Мирмаҳмадов дар вазни 81 кг ва Баҳригул Бобиева дар вазни 52 кг медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар сабқати гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ Меҳроб Саидов дар вазни 32 кг, Одилҷон Бобоев дар вазни 38 кг бо медалҳои нуқра, Фаридун Тиллоев дар вазни 46 кг ва Бахтовар Ҳасанов дар вазни 63 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати таэквон-до ВТФ Алишер Тӯйчибоев дар вазни 45 кг, Фатҳиддин Туманов дар вазни 55 кг ва Давлатбӣ Шарифзода дар вазни 44 кг бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати бокс Бахтовар Азизов дар вазни 46 кг ва Манучеҳр Хоҷаев дар вазни 63 кг соҳибони медалҳои биринҷӣ шуданд.

Мавқеи кишварҳо дар ҳисоби умумидастаӣ
баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот (15-16 сентябр)

Ҷой аз рӯи медалҳои тилло Кишварҳо Медалҳо Ҷой аз рӯи шумораи медалҳо
Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Русия 24 14 4 42 1
2 Қазоқистон 10 16 9 35 2
3 Тоҷикистон 2 2 11 15 4
4 Қирғизистон 1 2 13 16 3
5 Беларус 1 2 6 9 5
Ҳамагӣ: 38 36 43 117
XS
SM
MD
LG