Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 дарсади квотаи зоирини тоҷикро ҳоло ҳам надодаанд


Арабистони Саъудӣ барои зоирини тоҷик дар мавсими «Ҳаҷ-2013» 6 ҳазор ҷой ҷудо кардааст.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Куимитаи дини Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт мақомоти Арабистони саъудӣ дар ҳоли ҳозир барои зоирини тоҷик 6 ҳазор ҷой ҷудо кардаанд. Аммо ҷаноби Мавлонов гуфт, ин миқдор ҷой танҳо 80 дарсади он тақозоест, ки ҷониби Тоҷикистон аз Арабистони Саъудӣ карда буд ва онҳо интизоранд, ки ин кишвар 20 дарсади боқимондаи ҷойҳоро низ ба зоирини тоҷик хоҳанд дод.

Мавлонов афзуд, то кунун мақомоти Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон аз рӯи 6 миллион аҳолӣ ҷой барои сафари ҳаҷ ҷудо мекарданд, дар ҳоле ки аҳолии кишвар ҳозир ба 8 миллион нафар расида аст. Бинобар ин ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо Тоҷикистон аз Арабистони Саъудӣ имсол ҷойи бештар барои зоирин тақозо кардааст.

Бояд гуфт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қаблан ба шоҳи Арабистони Саъудӣ барои бештар ҷудо кардани ҷой ба зоирини тоҷик ҷиҳати сафари ҳаҷ нома навишта буд. Аммо то ба ҳол ҷавоби ин нома ирсол нашудааст ва масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд то ба охир интизори посух ба ин нома хоҳанд монд.Ба таъкиди масъулони ин кумита сафари гурӯҳи авали зоирони тоҷик ба ҳаҷ рӯзи 21-уми сентябр оғоз хоҳад шуд.

Сафари ҳаҷ, ки яке аз муҳимтарин рукнҳои дини Ислом ба шумор меравад, шумори ҳарчи бештари сокинони Тоҷикистонро ба он ҷалб мекунад. Вуҷуди квота ва ё шумори дақиқи зоирон, ки аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саъудӣ барои ҳар кишвар муайян мешавад, боиси он мешавад, ки баъзе мақомоти масъул барои ҷой кардани номзадҳои мавриди назари худ ба рӯйхатҳо муттаҳам шудаанд. Соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон чанд мақоми нозири сафари ҳаҷ барои гирифтани пора аз зоирон муҷозот шуданд.

Имсол ба иттилои Кумитаи дин, маросими интиқоли зоирон ба ҳаҷ дар таърихи 21 сентябр то 5 октябр ҷараён мегирад ва дар ин фурсат тоҷикистониёни хостори зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саъудӣ интиқол меёбанд.
XS
SM
MD
LG