Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни тирандозӣ ба 12 нафар расид


Дар Вошингтон, бар асари тирандозӣ дар як муҷтамаи қадимаи нерӯҳои дарёии Амрико, дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои полис, дар тирандозӣ дасти кам ду нафар ширкат доштанд. Яке аз онҳо кушта шудааст, ҷустуҷӯи ҳамлагари дуюм идома дорад.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки шояд ин ҳамлагар либоси низомӣ дар тан дошта бошад. Ба гуфтаи онҳо, дар ин тирандозӣ 8 нафар, аз ҷумла, ду корманди полис, ҷароҳат бардоштаанд. Дар изҳороти нерӯҳои дарёии ИМА ба кормандони муҷтамаъ амр дода шудаааст, ки пинҳон шаванд.

Дар ин маркази фармондеҳии нерӯҳои дарёии Амрико тақрибан се ҳазор нафар ба коркарди тарҳ, хариду фурӯш, сохтан ва хизматрасонии киштиҳо, аз ҷумла, киштиҳои зериобӣ машғуланд.

Ин муҷтамаъ аввалҳои қарни 19 бунёд шуда, қадимитарин сохтмони нерӯҳои дарёии ИМА маҳсуб мешавад.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар як суханронӣ ба ин ҳодиса ишора кард ва гуфт, афроде, ки аз ин амали тарсуёна кор гирифтаанд, касе ки набошанд, бояд муҷозот шаванд.
XS
SM
MD
LG