Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайвандони Сноуден ба Русия ба дидорбинӣ меоянд


Лон Сноуден, падари Эдвард Сноуден

Лон Сноуден, падари Эдвард Сноуден

Пайвандони Эдвард Сноуден, корманди собиқи қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрико, рӯзҳои наздик вориди Русия мешаванд. Дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии RT вакили дифоъ Анатолий Кучерена хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ба зудӣ барои мулоқот бо Сноуден падараш ба Русия меояд. Кучерена эҳтимоли омадани модар ва бобову бибии ҷосуси собиқро ҳам байид намедонад.

Вакили дифоъ афзуд, Сноуден дар Русия бо муҳофизон таъмин шудааст. Ҷои иқомати ӯ ошкор карда намешавад. Айни ҳол Сноуден бо Русия ошно мешавад, ӯ ҳаққи сафар кардан дорад. Анатолий Кучерена хабар дод, ки Сноуден дар оянда шояд дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар фаъолият кунад.

1 августи соли равон Эдвард Сноуден, ки дар ватанаш дар ҷосусӣ айбдор мешавад, паноҳандагии муваққат дар Русияро дарёфт кард.
XS
SM
MD
LG