Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Мухолифини Димишқро бояд барои гуфтугӯ маҷбур сохт


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор намуд, ки намояндагони мухолифини мусаллаҳро бояд барои ширкат дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Сурия маҷбур сохт. Мавзӯи аз сар гирифтани ин конфаронсро Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар Женева баррасӣ карда буданд. Рӯзи баргузории ин нишаст ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ҳафтаи гузашта дар музокироти вазирони умури хориҷии ИМА ва Русия ҳамчунин созиш ҳосил шуд, ки мақомоти Сурия ҳамаи иттилоъ дар бораи захираи силоҳи кимиёвии кишварро дар ихтиёри ҷомеъаи ҷаҳонӣ мегузоранд ва баъдан ин силоҳро комилан аз байн мебаранд. ИМА, Бритониё ва Фаронса барои қатъномаи Шӯрои амният бо ҳушдори паёмадҳои ҷиддӣ барои Димишқ дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳояш оид ба нобудсозии силоҳи кимиёвӣ пойфишорӣ доранд.
XS
SM
MD
LG