Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳлилгарон мегӯянд, ки бо фарорасии мавсими пахтачинӣ ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо вуҷуди эътирози ҷомеъаи байнулмилалӣ бузургсолону кӯдаконро бароиҷамъоварии ҳосил маҷбур месозанд.

Имсол, ба навиштаи сомонаи EurasiaNet, Ӯзбакистон ба тафтиши мавзӯъи ҷалби кӯдакон ба пахтачинӣ аз сӯи ҳайати нозирони Созмони ҷаҳонии кор розӣ шудааст. Ин хабарро намояндаи ин созмон Ҳанс фон Роҳланд аз тариқи як номаи электронӣ тайид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, тафтиш аз сӯи Созмони ҷаҳонии кор рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад.

Созмони Cotton Campaign ё Маъракаи пахта, ки барои ҷилавгирӣ аз истифодаи нерӯи кӯдакон дар ҷамъоварии пахта талош меварзад, хабари тафтиши майдонҳои пахтазори Ӯзбакистон аз сӯи кормандони Созмони ҷаҳонии корро хуш пазируфт ва ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки нозирони созмонро, таври маъмул, мансабдорони ӯзбак ҳамроҳӣ мекунанд ва ҳузури онҳо ба шаҳрвандони Ӯзбакистон имкон намедиҳад, ки дарди дили худро озодона иброз доранд. Бо ин ақида коршиносон ҳам мувофиқанд. Стив Свердов, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони нозири ҳуқуқи башар – Human Rights Watch ба сомонаи EurasiaNet гуфтааст,”муҳим аст, ки назорат аз сӯи нозирони мустақил ва бидуни нафаре аз мансабдорони ӯзбак сурат бигирад” .

Мақомоти Ӯзбакистон хабари ҳамасола шудани нерӯи кӯдакон дар ҷамъоварии пахтаро бо вуҷуди наворҳои видеоӣ, ки аз сӯи Радиои Озодӣ нашр мешаванд, рад мекунанд. Созмони Cotton Campaign мегӯяд, ҳукумат беш аз миллион нафар кӯдакон, омӯзгорон, кормандони давлатӣ ва бахши хусусиро барои дар шароити номусоиди обу ҳаво ҷамъ овардани ҳосили пахта маҷбур месозад.

Бо вуҷуди маъракаи байнулмилалӣ, ба шумули таҳияи бозии компутарӣ дар бораи ҷамъоварии пахта аз сӯи кӯдакони ӯзбак ва таҳрими пахтаи Ӯзбакистон аз сӯи даҳҳо ширкатҳои маъруфи олам, пахта аз даромадҳои аслии содироти ҳукумати раисиҷумҳур Ислом Каримов маҳсуб мешавад. Бар пояи хабари сомонаи Fergananews.com, соли 2011 Ӯзбакистон яке аз шаш тавлидкунанда ва яке аз панҷ содиркунандаи бузурги пахта дар ҷаҳон буд ва дар солҳои 2010-2011 пахта 11,3 дар сади фойида аз содиротро ташкил дод. Аз сӯи дигар, ҷамъоварии пахта хатарнок ҳам ҳаст – бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқи башари Ӯзбакистон хабар дод, ки рӯзи 9 сентябр як духтар -
донишҷӯи донишгоҳ замони ширкат дар пахтачинӣ аз зарбаи нерӯи барқ ба ҳалокат расид. Бар пояи хабарҳо, донишҷӯён қабл аз рафтан ба пахтазор бояд санадеро имзо кунанд, ки гӯё ихтиёрӣ ба пахтачинӣ мераванд ва замонати таъмини амнияташон бар дӯши худашон аст, яъне, дар сурати ҳалокат ё маҷрӯҳ шуданашон мақомот бори ҷавобгариро бар дӯш нахоҳанд дошт. Ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии пахта чандин нафар аз донишҷӯён бо сабабҳои гуногун мефавтанд.

Дар Туркманистон, кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон, ки бештари қаламраваш биёбон аст, майдонҳои пахтаро тавассути каналҳо аз рӯдхонаи Омӯ обёрӣ мекунанд. Истифодаи аз ҳад беши оби рӯдхона дар пахтазори даштҳои замоне ташналаб боиси хушкшавии баҳри Арал гардид. Мутахассисон ҳадс мезананд, ки бӯҳрон шояд амиқтар гардад, зеро бо гармшавии иқлим пиряхҳо дар кӯҳҳои Помир аз интизорот бештар об мешаванд ва ин дар оянда боиси кам шудани оби рудхонаи Ому мегардад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, баҳси истифода аз захоири об миёни кишварҳои “болооб” – Тоҷикистону Қирғизистон ва “поёноб” – Ӯзбакистону Туркманистон солҳои наздик шояд шадидтар шавад, зеро Тошканду Ашқобод мегӯянд, дар сурати бунёди нерӯгоҳҳои азим дар кишварҳои “болооб” заминҳои кишти онҳо аз беобӣ хушку бесамар хоҳад шуд. Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, кишоварзҳои Туркманистон имсол дар ҷамъоварии ҳосили ваъдакарда ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд ва инро бо нарасидани об барои пахтазор марбут мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд Туркманистон чун Ӯзбакистони ҳамсоя барои истифодаи нерӯи кӯдакон дар ҷамъоварии пахта мавриди интиқоди шадид қарор надорад, дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳам аз заҳмати онҳо фаровон кор гирифта мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG