Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши деринтизор дар бораи Сурия нашр мешавад


Нозирони Созмони Милал мегӯянд, «далелҳои возеҳу қонеъкунанда» доранд, ки рӯзи 21 август дар Сурия «алайҳи ғайринизомиён, ба шумули кӯдакон» аз аслиҳаи кимиёӣ истифода кардаанд. Дар ин гузориши деринтизори мутахассисони Созмони Милал омадааст, ки «далелҳои ҷамъовардаи муҳитизистӣ, кимиёӣ ва тиббӣ» нишон медиҳад, ки дар маҳаллаи Ғута дар Димишқ мушакҳои замин ба замини дорои гази кушандаи зарин ба кор бурдаанд. Дар ин ҳамла дар рӯзи 21 август садҳо нафар кушта шудаанд. Қарор аст, гузориши мазкурро Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, ба Шӯрои Амният пешниҳод кунад. Аммо дар ин гузориш гуфта нашудааст, ки аслиҳаи кимиёиро кадом тараф ба кор бурдааст, зеро ин кор дар салоҳияти нозирон набудааст. Русияву Амрико шанбеи гузашта ба тавофуқ расиданд, ки бар асоси як барнома, анборҳои аслиҳаи кимиёии Сурия ошкор ва дар муддати кӯтоҳе нобуд карда шаванд.
XS
SM
MD
LG