Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: "Эрон омодаи эътимодсозӣ бо Амрикост"


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, мегӯяд, кишвараш омодаи “эътимодсозӣ” бо Амрико дар робита ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш аст. Муҳаммад Ҷавод Зариф дар ин бора бо телевизиони лубнонии Ал- Майодин сӯҳбат кардааст ва як рӯз баъд аз он ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба телевизиони Эй Би Си гуфт, аз Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон нома гирифта ва ба он посух додааст. Баъди ин гузоришҳое нашр шуд, ки шояд Барак Обама ва Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар Ню Йорк мулоқот кунад. Қарор аст, раҳбарони ду кишвар рӯзи 24 сентябр аз минбари Созмони Милал суханронӣ кунанд. Дар сурати мулоқот, пас аз соли 1977 бори аввал хоҳад буд, ки раисони ҷумҳури Амрико ва Эрон ба ҳам рӯ ба рӯ меоянд. Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, ки қарор аст ӯ бо Вилям Ҳейг вазири умури хориҷии Бритониё дар шаҳри Ню Йорк мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG