Пайвандҳои дастрасӣ

Ғарб: "Дар сурати нофармонӣ Асад ҷазо бинад"


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса ва Русия мувофиқат кардаанд, ки дар сурати сарпечии Сурия аз иҷрои талаботи қатъномаи пешниҳодӣ ба Шӯрои Амният, ин кишвар “паёмади нофармониашро” бубинад. Ҷон Керрӣ дар ин бора пас аз мулоқот бо Вилям Ҳейг ва Лаурент Фабиус ҳамтоёни бритониёӣ ва фаронсавии худ дар шаҳри Порис сухан гуфт. Вилям Ҳейг изҳор кард, ки дар тарҳи пешниҳодии қатънома дар бораи маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурия, роҳҳои иҷрои ин кор муаяйн хоҳад шуд. Русияву Амрико шанбеи гузашта ба тавофуқ расиданд, ки бар асоси як барнома, анборҳои аслиҳаи кимиёии Сурия ошкор ва дар муддати кӯтоҳе нобуд карда шаванд. Ба гуфтаи Вилям Ҳейг, дар қатънома бояд ҷадвали мушаххаси замонӣ таъйин шавад ва дар сурати беамалӣ ҳукумати Сурия барои ин кораш посух диҳад. Дигар ин ки қарор аст, то чанд соати дигар гузориши нозирони Созмони Милал дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия нашр шавад.
XS
SM
MD
LG