Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 нафар дар Ӯш бо иттиҳоми терроризм


Дар Қирғизистон се нафарро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд. Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон рӯзи душанбе гуфт, ки ду шаҳрванди ин кишвар ва як шаҳрванди Қазоқистонро баъди бозгашташон аз Сурия дар шаҳри Ӯш дастгир карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин се нафар дар канори шӯришиён алайҳи ҳукумати Сурия ҷангидаанд. Ҳар се нафар охири моҳи август боздошт шудаанд. Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, ки онҳоро Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ аз Сурия ба Қирғизистон фиристода ва дастур додааст, ки дар ин кишвар амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG