Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номи довталабони курсии Карзай шурӯъ шуд


Дар Афғонистон сабти номи довталабон ба мақоми раиси ҷумҳур шурӯъ шуд. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Кумиссиёни Мустақили Интихоботи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то кунун 28 нафар аз афроди алоҳида ва аҳзоби сиёсӣ, санадҳои лозим барои пешбарии номзад ба мақоми раёсати ҷумҳуриро аз ин ниҳод гирифтаанд: “Биноан ҳар касе, ки воҷиди шароит бошад ва хоҳони он бошад, ки дар ин рақобати сиёсӣ ширкат кунад. Кумиссиёни Мустақили Интихобот онҳоро бо камоли майл мепазирад. То ба ҳол ба ҳудуди 28 нафар бастаҳои маълумотиро барои номзад шудан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба даст оварданд.“
Довталабони мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистон бояд то рӯзи 6 октябр ҳамаи асноди лозим барои сабти номашонро ба кумиссиён бисупоранд. Номзад бояд на камтар аз 40-сола ва орӣ аз доғи ҷиноӣ бошад. Барои сабти ном шудан онҳо бояд 100 ҳазор имзо ҷамъ оваранд ва 18 ҳазор доллар ҳаққи номзадӣ бисупоранд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 5 апрели соли оянда баргузор мешавад. Давраи дуввуми раёсати ҷумҳурии Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури феълии Афғонистон соли оянда ба поён мерасад ва ӯ дигар ҳаққи пешбарии номзадиашро надорад. Феҳрасти номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистонро рӯзи 16 ноябр эълон мекунанд.
XS
SM
MD
LG