Пайвандҳои дастрасӣ

Як пулиси зани баландрутбаи афғонро куштанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як пулиси зани баландрутбаро, ки рӯз пеш мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт, имрӯз даргузашт. Афроди мотосиклсавор рӯзи якшанбе ба сӯи хонум Нигор, ки ҳафт сол боз муфаттиши раёсати пулиси ноҳияи Лашкаргоҳ буд, дар назди қароргоҳи пулис тирандозӣ карданд. Ӯ баландрутбатарин пулиси зан дар вилояти Ҳилманд маҳсуб мешуд. Дар моҳи июл низ тундравон як хонуми баландрутбаи афғони дигарро куштанд.
XS
SM
MD
LG