Пайвандҳои дастрасӣ

Оташсӯзӣ дар киштии атомии Русияро хомӯш карданд


Гурӯҳҳои оташнишонӣ, сӯхтор дар як киштии атомии зериобии Русияро, дар бандаре дар наздикии шаҳри Владивосток фурӯ нишондаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар ин фалокат касе осеб надидааст ва хатари ихроҷи олудагӣ аз киштии атомӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи расонаҳои русӣ, киштии зериобии “Томск” субҳи рӯзи душанбе ҳангоми таъмир дар бандари Звезда дар шаҳри Болшой Камен оташ гирифтааст. Вазорати дифоъи Русия кумиссиёни махсусе барои таҳқиқи сабабҳои оташсӯзӣ таъсис додааст, ки мумкин аст, бинобар риоят нашудани меъёрҳои бехатарии кафшергарӣ сар зада бошад.
XS
SM
MD
LG