Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи қатънома дар мавриди Сурия баррасӣ мешавад


Франсуа Ҳолланд, раиси ҷумҳур ва Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, имрӯз бо вазирони умури хориҷии Амрикову Бритониё тарҳи пешнависи қатънома дар мавриди Сурияро баррасӣ мекунанд. Пештар аз ин Франсуа Олланд гуфт, ки дар қатънома роҳҳои назорат ва сипас маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурия муайян хоҳад шуд ва мумкин аст, қатъномаро то охири ҳамин ҳафта барои раъйдиҳӣ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати иҷро накардани созишномаи Русияву Амрико дар бораи маҳви ин силоҳҳо, бояд амалиёти низомӣ алайҳи Сурия сарфи назар нашавад. Бар асоси ин санад, ки рӯзи шанбе сари он мувофиқа ҳосил шуд, бояд захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурия то миёни соли 2014 аз байн бурда шавад. Дигар ин ки Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, гузориши деринтизор дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёӣ дар Сурияро ба Шӯрои Амният муаррифӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG