Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон – дар Кувайт


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Кувайт ширкат хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки 15-уми сентябр ба пойтахти Кувайт – Ал-Кувайт омад, дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Ҳиндустон (21-уми сентябр), Бутан (23-юми сентябр), Кувайт (27-уми сентябр) ва Лубнон (29-уми сентябр) рақобат мекунад.

Мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба ҳайати даста 23 футболбозро дохил кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16):
дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Фирӯз Бекмуродов (РШВСМ);
ҳимоятгарон: Алишер Сафаров («Истиқлол»), Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Абубакр Азимов («Равшан»), Фирӯз Ризомов («Вахш»), Табрези Давлатмир, Сӯҳроб Мирзоев (ҳарду аз РШВСМ);
нимҳомоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Ҳокимҷон Ҳасанов, Ҷамшед Махсумов (ҳама аз РШВСМ), Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду аз «Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Сомон Мавлонов («Саройкамар»), Саидҷон Шарифов («Эсхата»), Илҳомҷон Бердиалиев («Регар-ТадАЗ»);
ҳамлагарон: Собирҷон Гуляков, Муҳаммадҷон Шарифов (РШВСМ), Рустам Толибов (ССКА «Помир»), Ҳиматулло Малодӯстов («Саройкамар»).

Мунтахаби Тоҷикистон охирин марҳалаи омодагиро ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар Кувайт анҷом медиҳад. Дар доираи ин омодагиҳо мунтахаби Тоҷикистон шоми душанбе, 16-уми сентябр, бо дастаи мунтахаби наврасони Кувайт (U-15) бозии санҷишӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG