Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор даста - муддаиёни Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон дар се бозӣ шикаст хӯрд.

Ин мусобиқа дар пойтахти Туркманистон – Ишқобод бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони ҳашт кишвар - Беларус, Кувайт, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон ҷараён дорад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиб бо Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар сарфароз мешавад. Барои ҷойи дувум 10 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум 5 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Бояд гуфт, ки то соли 2012- ум дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон бошгоҳҳои футболи кишварҳои мухталиф ширкат мекарданд. Ду соли ахир дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи “А” ғолиб дар бозии даври охирин миёни дастаҳои Узбакистон ва Русия маълум шуд. Футболбозони навраси Русия бо ҳисоби 2:0 пирӯз гаштанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бошад, баъди ду бохт аз тимҳои Русия ва Узбакистон бо ҳисоби якхелаи 0:7, дар бозии охирин дар гурӯҳи “А” аз дастаи Беларус бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “А” мунтахаби Русия бо 9 имтиёз мақоми аввал ва Узбакистон бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Беларус бо 3 имтиёз мақоми севумро азони худ кард. Вале дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз дар мақоми охирин қарор гирифт. Футболбозони тоҷик барои ҷойҳои 7-8-ум рӯзи 18-уми сентябр бо дастаи Кувайт, ки дар гурӯҳи “В” дар зинаи охирин ҷойгир шуд, вориди рақобат мешаванд.

Дар гурӯҳи “В” дастаи мизбон – Туркманистон бо 9 имтиёз ғолиб омад. Мунтахаби Қирғизистон бо 4 имтиёз дувум шуд ва ҳарду даста ба нимфинал баромаданд. Тими Эрон бо 3 имтиёз дар ҷойи севум ва мунтахаби Кувайт бо 1 имтиёз дар ҷойи чорум қарор гирифтанд.

Ба ин тартиб, рӯзи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ишқобод» дар даври ниманиҳоӣ нахуст дастаҳои Русия ва Қирғизистон (соати 10:00), баъдан Туркманистон ва Узбакистон (17.00 ) рақобат мекунанд. Бозии ниҳоӣ 19-уми сентябр барпо мегардад.

НАТОИҶИ БОЗИҲО
10-уми сентябр
Русия – Тоҷикистон – 7:0
Беларус – Узбакистон - 1:2

11-уми сентябр
Қирғизистон – Кувайт – 1:1
Туркманистон – Эрон – 6:2

12-уми сентябр
Тоҷикистон – Узбакистон – 0:7
Русия – Беларус – 1:0

13-уми сентябр
Эрон – Кувайт – 2:1
Туркманистон – Қирғизистон -5:0

14-уми сентябр
Беларус – Тоҷикистон – 2:1
Узбакистон – Русия – 0:2

15-уми сентябр
Эрон – Қирғизистон -2:3
Кувайт – Туркманистон -0:5

17-уми сентябр
1/2 финал
Русия – Қирғизистон
Туркманистон – Узбакистон

18-уми сентябр
Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
Тоҷикистон – Кувайт

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
Беларус – Эрон

19-уми сентябр
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
ФИНАЛ
XS
SM
MD
LG