Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз се ҷасаде, ки ахиран аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, якеаш аз тири силоҳи оташфишон ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд^ ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон 15-уми сентябр бо хатсайри Москва - Душанбе ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд.

Бино ба як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, яке аз онҳо кушта шудаву дигаре аз беморӣ ва савумӣ аз заҳролудшавӣ фавтидаанд.

Ин манбаъ гуфт, Сироҷиддин Аҳмадов, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор дар шаҳри Маскав аз тири силоҳи оташфишон ба қатл расидааст. Як манбаъи Озодӣ қаблан хабар дода буд, ки Сироҷиддин Аҳмадов шаби 11 ба 12 сентябр дар ҳудуди ноҳияи Ленин, дар канори гӯристони Хованское кушта шудааст. Бино бар ин манбаъ, Аҳмадов чанд сол боз дар Русия ба таксиронӣ машғул буд.

Нафари дувум Гулрӯ Сатторова, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ, ки низ дар шаҳри Маскав аз бемории сил фавтидааст. Нафари сеюм Зафархон Ҷӯрабеков, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Ҳасании ноҳияи Ёвон, дар ҷои кори худ дар яке аз корхонаҳои Маскав заҳролуд шудааст.

Ҳамасола ба Тоҷикистон садҳо тобути шаҳрвандони ин кишвар умдатан аз Русия ворид мешавад. Омори ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия сол ба сол дар ҳоли афзоиш аст.

Бино ба иттилоъи расмӣ, соли 2011 ба Тоҷикистон 636 ва соли 2012 - 730 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия интиқол ёфтааст. Дар нимсолаи аввали 2013 теъдоди тобутҳо 460 ададро ташкил дод.

Интиқоли ҷасадҳо аз Русия ба Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои ҳамешагии баҳси расонаҳои Тоҷикистон ва мақомоти Русия низ ҳаст.

Чанде қабл сафорати Русия дар Душанбе аз таҳрифи иттилоъ дар бораи сабабҳои фавти шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки аксарияти онҳо ба сабаби беморӣ мефавтанд, на аз дасти миллатгароёни рус.

Бино ба манобеи расмӣ, солона аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 900 ва бино ба манобеъи ғайрирасмӣ, зиёда аз 1 миллион нафар ба муҳоҷирати корӣ мераванд, ки аксаран аз муносибати ғайриинсонии хадамоти зидахли рус шикоят мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG