Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи бомбгузориҳо дар Ироқ


Раиси шӯрои вилоятии Бағдод аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст. Рӯзи якшанбе полиси Ироқ хабар дод, ки мошине бо маводи тарканда ба корвони Риёз ал-Азаз бархӯрд, вале ин сиёсатмадори суннимазҳаб захм набардоштааст.

Дар ин ҳамла 3 кас кушта ва 4 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аслан рӯзи рӯзи якшанбе дар Ироқ 3 бомбгузорӣ тавассути мошинҳо раҳандозӣ шуд, ки дар он камаш 35 нафар ҳалок шудаанд.

Рӯзи шанбе бошад, дар шаҳри Мавсил бомбгузори маргталаб ба маросими дафн ҳамроҳ шуда, 27 нафарро ба ҳалокат расонд.

Ҳафтаи гузашта бар асари хушунат дар Ироқ беш аз 150 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG