Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия ба Паймони манъи силоҳи кимиёӣ дохил мешавад


СММ мегӯяд, аризаи вуруди Сурия ба Паймони манъи силоҳи кимиёиро дастрас намудааст ва ин кишвар сар аз 14-уми октябр узви комили он хоҳад буд.

Бар пояи мувофиқати Русия ва ИМА барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи низомии ИМА Сурия бояд тамоми силоҳи кимиёии дар ихтиёр доштаашро то миёнаҳои соли 2014-ум маҳв гардонад.

Президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, агар кӯшишҳои дипломатии рафъи бӯҳрон ноком шаванд, ИМА омодааст, даст ба амал занад.

Вазорати мудофиаи ИМА иброз доштааст, ки нерӯҳояш ба ҳамла омодаанд.

Созиши Русия ва ИМА-ро Британия, Чин, Фаронса ва Эрон хуш пазироӣ намудаанд.
XS
SM
MD
LG