Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши муваффақи мушак дар Ҳиндустон


 Озмоиши мушаки Агнӣ-4
Озмоиши мушаки Агнӣ-4
Ҳиндустон мушакҳоеро озмоиш намудааст, ки метавонанд кулоҳакҳои ҳастаиро то Чину бахши бузурги Аврупо интиқол диҳанд.

Ҳамин тариқ Ҳиндустон ба тавлиди мушакҳои балистикии байниқоравӣ хеле наздик шуд.

Равӣ Кумар Гупта-сухангӯи муассисаи пажӯҳишиву рушди мудофиаи Ҳиндустон мегӯяд, рӯзи якшанбе мушаки Агнӣ-5 тибқи нақша ба ҳадаф расид.

Ин дувумин озмоиши мушаки Агнӣ-5 будааст.

Ҳиндустон мехоҳад тавассути рушди фанновариҳои ҳастаӣ аз Чину Покистон ақиб намонад. Нусхаи пештараи мушаки Агнӣ метавонист то Чину Покистон расад.
XS
SM
MD
LG