Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 27 кӯҳкани афғон дар Самангон


Дар вилояти шимолии Самангони Афғонистон дар натиҷаи фурӯрезии кони ангишт камаш 27 кӯҳкан вафот кардаанд.

Мансабдорони афғон мегӯянд, кӯҳканҳо дар кони Обхӯраки минтақаи Рӯи ду об, воқеъ дар 215 километрии шимоли Кобул ифои вазифа мекарданд.

Сухангӯи волии вилоят Муҳаммадсиддиқ Азизӣ мегӯяд, бар асари фоҷеаи шоми ҷумъа боз 20 кӯҳкани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Муовини раиси амнияти вилояти Самангон Мусаддиқуллоҳ Музаффарӣ иброз дошт, ки 4 узви гурӯҳи наҷот низ ҷароҳат бардоштаанд.

Ӯ афзуд, ки ҳанӯз ҳам 12 кӯҳкан дар дохили кон дар зери замин ҳастанд. Зоҳиран кӯҳканҳои афғон меъёрҳои бехатариро ба қадри кофӣ риоя намекунанд.

Моҳи декабри гузашта 11 кӯҳкан дар натиҷаи фурӯрезии кони ангишт дар вилояти Бағлон ҳалок шуда буданд.
XS
SM
MD
LG