Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон 7 коргари асирро раҳо карданд


Толибони Покистон ҳафт коргари рабудашударо озод кардаанд. Як фарде, ки худро сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон меномад, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, коргарон ба раҳбарони қабилаҳои шимоли Вазиристон супурда шудаанд.

Як ходими ҳукумати маҳаллӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ афзуд, ки раҳоии коргарон бо кумак ва талошҳои раҳбари вилояти Хайбар Пахтунхво Шавкатуллоҳ Хон имконпазир шуд.

Коргарон моҳи августи соли 2012-ум дар сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқу оби вилояти Вазиристон рабуда шуда буданд.

Сарбанди Гомал Зам рӯзи панҷшанбе баъди таъхири тӯлонии марбут бо сабабҳои амниятӣ ба истифода супурда шуд.
XS
SM
MD
LG