Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди "36 ҳазор рубл" барои "ғарибон"


Вакилони Маҷлиси қонунгузори шаҳри Санкт-Петербурги Русия пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирони корӣ ҳангоми вуруд ба Русия бояд бо худ дастикам 36 ҳазор рубли русӣ дошта бошанд.

Ин миқдор маблағ бояд дар ҳисоби бонкии ҳар шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандие, ки дар ҳудуди Русия зиндагӣ мекунад, вуҷуд дошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки аввалҳои моҳи август Владимир Путин, президенти Русия зери қонуне имзо гузошт, ки тибқи он муҳоҷирони кории дар шаҳрҳои калони ин кишвар қавонини будубошро вайрон мекунанд то 7 ҳазор рубл ҷарима мешаванд.

Моҳи январи соли 2013 вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Русия дар кодекси меҳнати ин кишвар тағйиротеро пешниҳод кард, ки муҳоҷирони корӣ ҳангоми ба ин кишвар ворид шудан бояд суғуртаи тиббӣ гиранд. Чунки бидуни суғурта шартномаи меҳнатӣ баста наметавонад. Бо чунин тағйирот дар қавонини ин кишвар ва дигар "пешниҳодҳо" мушкилии муҳоҷирон беш аз пеш зиёд мешавад.

Мақомоти Русия ин ҳамаро барои "пок кардани кишвар аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ" медонанд. Тибқи омори расмӣ дар Русия ҳудуди 13 миллион муҳоҷир фаъолият мекунад, ки аз ин тақрибан 3 миллион нафарашон ғайриқонунӣ будаанд. Ҳарчанд, ки омори ғайрирасмӣ ин шумораро ба маротиб зиёд нишон медиҳад.

Ахиран як пажуҳиш аз ҷониби СММ собит сохтааст, ки муҳоҷират дар ҷаҳон ру ба афзоиш аст. Дар ин миён Русия дар минтақа яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад, ки аз кишварҳои гирду атроф, хусусан кишварҳои собиқ шӯравӣ ба инҷо ҳиҷрат мекардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола ҳудуди як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият мекунанд ва бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар як соли охир тақрибан 5 000 сокини Тоҷикистон Русияро барои зиндагии доимӣ интихоб кардаанд.

Аммо тибқи ин пажуҳиш Иёлоти Муттаҳида аз маҳбубтарин кишвар барои иқомати муҳоҷирон будааст. Бунёди нуфусшумории Созмони Милал бо нашри ин гузориш гуфт, ки соли равон 3,2 дар сади аҳолии курраи Замин ва 232 миллион нафар дар хориҷ аз сарзамини аҷдодии худ зиндагӣ мекунанд. Теъдоди мардуми ба истилоҳ “ғариб” дар соли 2000-ум 175 миллион ва дар соли 1990 154 миллион нафар будаанд. Мизбони аслии мардуми муҳоҷир Аврупо ва Осиё ҳастанд, ки дар аввали 72 миллион нафар ва дар дуввумӣ 71 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Танҳо Иёлоти Муттаҳида хонаи тақрибан 46 миллион муҳоҷир будааст.
XS
SM
MD
LG