Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди тарафдорону мухолифини Муборак дар Миср


 Ҳуснӣ Муборак (дар марказ) бо писаронаш ҳангоми муҳокима дар додгоҳ
Ҳуснӣ Муборак (дар марказ) бо писаронаш ҳангоми муҳокима дар додгоҳ
Рӯзи шанбе дар ҳоле, ки додгоҳи Қоҳира муҳокимаи собиқ президенти Миср Ҳуснӣ Мубораки 85-соларо аз сар гирифт, дар саҳни додгоҳ бархӯрди тарафдорон ба мухолифини ӯ ба қайд гирифта шуд.

Додгоҳ куштори эътирозгарон дар ибтидои соли 2011-умро бознмигарӣ мекунад.

Муҳокима дар таърихи 19-уми октябр шурӯъ мешавад. Рӯзи шанбе дар саҳни додгоҳ тарафдорони Муборак бо тарафдорони собиқ президенти исломгарои Миср Муҳаммад Мурсӣ даст ба гиребон шуданд.

Додситонӣ Муборакро бо нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз куштори 800 эътирозгарон муттаҳам мекунад.

Инқилоби моҳи феврали соли 2011-ум Муборакро аз қудрат барканор кардааст.

Моҳи август додгоҳ Муборакро аз маҳбас озод кард. ӯро ба шифохонаи низомӣ интиқол доданд, то дар он ҷо мунтазири муҳокимаи айбномаҳои боқимонда ва аз ҷумла фасод бошад.
XS
SM
MD
LG