Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафт дар музокироти маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия


 Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров
Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров
Музокироти маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия миёни Русия ва ИМА рӯзи шанбе идома ёфт.

Дар тӯли се рӯзи баҳсу баррасӣ дар шаҳри Женева котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба пешрафти назаррас даст ёфтаанд.

Як мақоми амрикоӣ гуфт, ҷонибҳо дар масъалаи миқдори аслиҳаи кимиёии Сурия ва тафтиши он ба мувофиқат расиданд.

Дар пайи музокироти рӯзи шанбе Керрӣ гуфт, Сурия бояд дар давоми як ҳафта гузориши комиле дар бораи миқдори аслиҳаи кимиёии дар ихтиёр доштааш пешкаш кунад.

Дар нишасти матбуотӣ раҳбарон иброз доштанд, ки агар Сурия аз иҷрои мувофиқат сарпечӣ кунад, онҳо аз Шӯрои Амнияти СММ талаб хоҳанд кард, тавассути қатъномаи хос амалиёти низомӣ бар зидди режими Асадро пуштибонӣ кунад.
XS
SM
MD
LG