Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳавоии амрикоӣ билети арзон фурӯхтааст


Ширкати ҳавоии Юнайтед эйрлайнз (United Airlines) иброз доштааст, ки билетҳои саҳван фурӯхтаашро эътироф ва қабул мекунад.

Рӯзи панҷшанбе сомонаи интернетии ин ширкати амрикоӣ ба хато роҳ дода, роҳкирои парвозҳои дохили ИМА-ро бо нархи 5 ва 10 долларӣ ба фурӯш баровард.

Ҳоло ширкат ин хаторо ислоҳ кард, вале ҳамзамон изҳор намуд, ки ширкат омодааст ба соҳибони чунин билетҳо ҳам тибқи маъмул хидмат расонад.

Расонаҳо хотирнишон мекунанд, ки нархи билет аз соҳили шарқии ИМА ба аёлати Ҳавайӣ то 1000 доллар қимат дорад. Ширкат нагуфтааст, ки дар ин байн чӣ қадар билети арзон ба фурӯш рафтааст.
XS
SM
MD
LG