Пайвандҳои дастрасӣ

Дар оташсӯзие дар Русия 37 нафар ҳалок шудаанд


Муфаттишони рус мегӯянд, бар асари оташсӯзӣ дар як шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ дар вилояти Новгород 37 нафар кушта шудаанд. Кумитаи Тафтишотии Русия гуфт, аз зери харобаҳои шифохона дар рустои Лука то кунун ҷасади 26 нафарро берун кашидаанд. Фоҷиа нисфирӯзии ҷумъа рух додааст. Ҳангоми оташсӯзӣ 60 нафар аз ҷумла афроди маъюбу беҳаракат дар дохили шифохона будаанд. Ба мақомот муяссар шудааст, танҳо 20 нафарро наҷот диҳанд. Сабаби оташсӯзӣ ҳанӯз маълум нест ва тафтиши ин қазия оғоз шудааст. Моҳи апрел як шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ дар Маскав низ оташ гирифт ва 38 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG