Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқ барои ҳалли мусолиматомези ҷанги Сурия


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, ҳамтои руси ӯ, ба мувофиқа расидаанд, то барои ҳалли мусолиматомези муноқиша дар Сурия дигарбора талош кунанд. Ду тараф рӯзи ҷумъа дар шаҳри Женева барномаи маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурияро баррасӣ карданд. Ҷон Керрӣ баъд аз ин мулоқот гуфт, мумкин аст, барои ҷазо додани ҳукумати Сурия, ки алайҳи шӯришиён аз гази кимиёӣ истифода кардааст, иқдоми низомӣ сурат бигирад. Айни замон Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал изҳор кард, ки гузориши нозирони байналмилалӣ гуфта шудааст, ки дар Сурия аслиҳаи кимиёӣ ба кор бурдаанд, аммо масъули истифодаро мушаххас накардаанд. Айни замон ба гуфтаи Бан Ки Мун, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия “ҷиноятҳои зиёде алайҳи башарият” содир кардааст. Аз ин пештар Сурия гуфт, ки ба Аҳдномаи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёӣ мепайвандад.
XS
SM
MD
LG