Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фюле: "Бо Арманистон санаде имзо намешавад"


Стефан Фюле, масъули умури густариши Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, ки Арманистон наметавонад, ҳамзамон узви Иттиҳоди Гумрукӣ бошад ва бо он иттиҳодия Аҳдномаи мушорикат имзо кунад, аммо ба қавли ӯ Иттиҳодияи Аврупо ва Арманистон метавонанд, аз роҳҳои дигар ба ҳамкориҳояшонро тақвият бахшанд. Стефан Фюле таъйид кард, ки дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Вилнюс дар моҳи ноябр ҳеҷ санаде бо Арманистон имзо намекунанд. Стефан Фюле афзуд, ки ба хотири фаҳмидани “орзуҳову хостаҳои” Арманистон ба Ереван омадааст, ки раиси ҷумҳури он чанде пеш гуфт, кишвараш ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия мепайвандад. Меъёрҳои ин созмон бо муқаррароти тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо мухолифат мекунад.
XS
SM
MD
LG