Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ дигарбора ба Ховари Миёна меравад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, барои гуфтугӯ дар бораи музокироти сулҳ дар Ховари Миёна ва ҷанги Сурия бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи якшанбе ба Байтулмуқаддас меравад. Ҷен Саки, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи ҷумъа гуфт, ки Ҷон Керрӣ бо Нетаняҳу “марҳилаи ниҳоии музокирот миёни Исроилу Фаластиниёнро” баррасӣ мекунад. Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе дар шаҳри Лондон бо Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин дар бораи музокироти сулҳ гуфтугӯ дошт. Ду тараф баъди қатъи музокирот дар се соли гузашта, моҳи июн бо миёнҷигарии Амрико, гуфтугӯҳои сулҳро аз сар гирифтанд.
XS
SM
MD
LG