Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳо дар шаҳрҳои Миср аз сар гирифта шуданд


Дар чанд шаҳри Миср задухӯрдҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ аз сар гирифта шуданд.

Дар Қоҳира ҳазорон нафар баъд аз намози ҷумъа ба хиёбонҳо рехта алайҳи низомиён шиор заданд. Онҳо дар даст аксҳои қурбониёни саркӯбсозии шаҳраки хаймаҳо аз сӯи полис дар рӯзи 14 августро доштанд.

Рӯзи ҷумъа полис ба хотири хатми бархӯрд дар шаҳрҳои Танта ва Маҳалла, воқеъ дар водии Нил, аз гази ашковар истифода бурд. Садҳо нафар дар ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Искандария ҳам ширкат доштанд.

Намоишҳои эътирозӣ ва бархӯрдҳо бо даъвати “Эътилофи зидди кудатои Миср” мегузаранд.

Як рӯз аз ин пеш мӯҳлати вазъи фавқулодда дар Миср барои ду моҳи дигар тамдид шуд. То имрӯз беш аз 2 ҳазор ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG