Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ ва Лавров конфаронс оид ба Сурияро эҳё мекунанд


Вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ва ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров изҳори итминон карданд, ки музокирот дар мавриди силоҳи кимиёвии Сурия ташкили конфаронси байнулмиллалӣ оид ба ҳалли бӯҳрон дар ин кишвари арабиро мумкин месозад. Онҳо рӯзи ҷумъа,13 сентябр, баъд аз машварат бо ширкати фиристодаи вижаи СММ Ахзар Иброҳимӣ дар Женева гуфтанд, ки ҳамин моҳ дар мулоқоте дар Ню-Йорк рӯзи конфаронси тақрибан фаромӯшшударо мушаххас мекунанд.

Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров ибтикори Маскав барои зери назорати байнулмилалӣ қарор додани силоҳи кимиёвии Сурия ба хотири ҷилавгирӣ аз амалиёти низомиро баррасӣ карданд. Рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Бишкек гуфт, ки "Сурия аз ҳамин рӯз ширкаткунандаи комили Муоҳидаи манъи силоҳи кимиёвӣ мешавад. Фикр мекунам, ки мо бояд аз ин тасмими раҳбарияти Сурия истиқбол кунем ва мехоҳам изҳори умедворӣ кунам, ки ин гоми ҷиддӣ дар роҳи ҳалли бӯҳрони Сурия хоҳад шуд".

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳафтае пеш таҳдид кард, дар посух ба ҳамлаи кимиёвӣ дар канори Димишқ, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 1400 нафар шудааст, алайҳи Сурия амалиёти низомӣ доир мекунад.
XS
SM
MD
LG