Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон ноком шуд.

Ин мусобиқа дар пойтахти Туркманистон – Ишқобод бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони ҳашт кишвар дар ду гурӯҳ ҷараён дорад: гурӯҳи «А» – Русия, Беларус, Узбакистон, Тоҷикистон; гурӯҳи «В» – Туркманистон, Эрон, Кувайт, Қирғизистон.

Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Ишқобод» ва «Копетдоғ» баргузор шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал мебароянд. Баъдан ғолибони даври ниманиҳоӣ барои ҷоизаи аслӣ мубориза мебаранд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи севум талош хоҳанд кард.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиб бо Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар сарфароз мешавад. Барои ҷойи дувум 10 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум 5 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Бояд гуфт, ки то соли 2012- ум дар Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон бошгоҳҳои футболи кишварҳои мухталиф ширкат мекарданд. Ду соли ахир дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола рақобат мекунанд.

Мусобиқаи имсола бо бозиҳои гурӯҳи «А» шурӯъ шуд. Дар нахустин бозӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Русия ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо пирӯзии футболбозони навраси Русия бо ҳисоби бузурги 7:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Узбакистон бар дастаи Беларус бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Дар даври дувуми мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз бо ҳисоби бузурги 0:7 аз мунтахаби Узбакистон шикаст хӯрд. Дастаи Русия бар тими Беларус бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб дар гурӯҳи “А” дастаҳои Узбакистон ва Русия, ки бо 6-имтиёзӣ пешсафанд, пешакӣ ба нимфинал баромаданд. Дар бозии даври охирин миёни ҳарду даста, ки 14-уми сентябр баргузор мешавад, ғолиби гурӯҳ маълум хоҳад шуд.

Бозии даври аввал дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Кувайт бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мизбон – Туркманистон бар тими Эрон бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд.

Имрӯз, 13-уми сентябр, бозиҳои даври дувум дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби Эрон – Кувайт ва Туркманистон – Қирғизистон
баргузор мешаванд.

ТАҚВИМИ БОЗИҲО
10-уми сентябр

Русия – Тоҷикистон – 7:0
Беларус – Узбакистон - 1:2

11-уми сентябр
Қирғизистон – Кувайт – 1:1
Туркманистон – Эрон – 6:2

12-уми сентябр
Тоҷикистон – Узбакистон – 0:7
Русия – Беларус – 1:0

13-уми сентябр
Эрон – Кувайт
Туркманистон – Қирғизистон

14-уми сентябр
Беларус – Тоҷикистон
Узбакистон – Русия

15-уми сентябр
Эрон – Қирғизистон
Кувайт – Туркманистон

17-уми сентябр
1/2 финал
Ғолиби гурӯҳи «А» – Дастаи дувуми гурӯҳи «В»
Ғолиби гурӯҳи «В» – Дастаи дувуми гурӯҳи «А»

18-уми сентябр
Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
Дастаи чоруми гурӯҳи «А» – Дастаи чоруми гурӯҳи «В»

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
Дастаи севуми гурӯҳи «А» – Дастаи севуми гурӯҳи «В»

19-уми сентябр
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
ФИНАЛ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG