Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои авруосиёии наврасон


Аз 15-ум то 20-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон баргузор мешаванд.

Дар ин Бозиҳо варзишгарони навраси синнашон аз 13 то 17-сола аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат хоҳанд кард.

Ба барномаи Бозиҳо 13 навъи варзиш шомил аст: бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, велосипедронӣ, гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, гуштии қазоқии “курес”, вазнабардорӣ, варзиши сабук, дзюдо, самбо, таэквон-до ВТФ ва шиноварӣ.

Варзишгарони наврас барои 232 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Ширкати 703 варзишгар дар ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби кишварҳо дар назар аст: Қазоқистон - 212 варзишгар, Русия – 203, Қирғизистон – 128, Тоҷикистон – 84, Беларус – 73, Узбакистон – 7.

Маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳо рӯзи якшанбе, 15-уми сентябр ва маросими пӯшидашавии Бозиҳо рӯзи ҷумъа, 20-уми сентябр, баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG