Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон пиршавии аҳолӣ коҳиш ёфтааст?


Дар Тоҷикистон пиршавии аҳоли нисбат ба паҷ соли пеш коҳин ёфта, аз 9 дарсад ба 5,4 дарсад расидааст. Саодат Камолова, раҳбари Маркази геронталогия дар Осиёи Марказӣ рӯзи ҷумъаи 13-уми сентябр дар ҳамоише гуфтааст, бо сабабҳои камшавии маргу мири кӯдак дар Тоҷикистон сини пиронсоли аз 68 ба 75 расида, пиршавии аҳолӣ коҳиш ёфтааст.

Ба қавли Саодат Камолова паҷ соли пеш дар Тоҷикистон сари ҳазор нафар 80 марги кӯдак рост меомад, ки дар ҳоли ҳозир ин нишондад ба 17 то 20 кӯдак расидааст.

Инчунин дар ҳамоиш мушкилоти калонсолон, махсусан дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бинобар ин аз ҷониби ҳозирин пешинҳод шудааст, ки дар марказҳои саломатӣ барои қабули пиронсолон утоқҳои махсуси қабул таъсис дода шавад.

Ба қавли таҳлилгарон ҳамон 5,4 дарсад пиронсолоне, ки дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд шароити хуби нигоҳдорӣ надоранд. Таъмини зиндагии солим кам ба назар мерасад. Дар бешатри мавридҳо баробари ба нафақа баромадани шаҳрвандон дар бештари мавридҳо ба онҳо диққат дода намешавад.

Тавре гуфта мешавад дар Тоҷикистон 5,4 дарсади аҳолиро пиронсолон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG