Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Ғончӣ модарарӯс ва бародари шавҳари ҷавонзанеро, ки худ ва кӯдаки ширхораашро ба коми оташ дода буд, ба ҳабс маҳкум кард.

Ҳурбиой Ҷоматова ва писари вай – Хуршед Шокиров, сокинони деҳаи Чуянчии ин ноҳия аз ҷониби додгоҳ барои арӯси хонавода – Гулрӯ Нуроваи 23 соларо "бо муносибати бераҳмонаи худ то худкушӣ расонидан" гунаҳкор дониста шуданд. Додгоҳ Хуршед Шокирови 38 соларо аз рӯйи банди 109 –и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “ба худкушӣ расонидан” ба 4 сол ва модарашро ба 5 соли ҳабс дар зиндони дорои низоми умумӣ маҳкум кард. Аммо бо назардошти беморӣ, 64 сола будан ва сидқан пушаймон буданаш татбиқи ҳукми Ҳурбиой Ҷоматоваро барои 5 сол ба таъхир гузошт.

Гулбаҳор Муҳаммадилиева, дафтардори додгоҳи мазкур дар ин бора чунин гуфт: “Шавҳари Гулрӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буд, вай бо хушдоману оилаи бародари шавҳараш дар як хона мезист. Хушдоман ва бародари шавҳар Гулрӯро мунтазам бо дашному таҳқир азоб медоданд ва шаъну шарафи инсониашро паст мезаданд. Вай ба ин тоб наоварда, 9 – уми июни соли равон нимарӯзӣ пинҳонӣ аз дигарон дар хонаи зисти умумиашон ба тани худу духтарчаи дуним солааш - Обида оташ зад.”

Вале Файзинисо Воҳидова, вакили дифои маҳкумшудаҳо мегӯяд, вай ва зерҳимояҳояш ба ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Вай афзуд, додгоҳ бо далелҳои маҳкам то худкушӣ расонидани арӯси хонаводаро исбот накардааст.

Дар замони муноқишаву моҷароҳои хонаводагӣ таърихи талхи то худкушӣ расонидани арӯси вай аз забони шоҳидони наздик ба ин оила, хешону ҳамсояҳо дар додгоҳ бозомӯзӣ шудааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, хонум – Ҷоматова 4 писар дошта, ҷойи кори доимӣ надоштаанд ва аз мардикорӣ дар Русия рӯзӣ ба даст меовардаанд. Замони худкушии арӯси хонадон – Гулрӯ Нурова низ ба ҷуз Хуршед Шокирови маҳкумшуда онҳо дар муҳоҷирати корӣ будаанд. Онҳо дар як манзил се оила зиндагӣ мекарданд.

Худкушии одамон як мушкили доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешавад. Биноба маълумоти расмӣ, дар 7 моҳи аввали соли равон 173 нафар, ба шумули 87 зан ва 16 тифл даст ба худкушӣ задаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG