Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрия: Сурия силоҳи кимиёвиро пинҳон мекунад


Гурӯҳи махфии артиши Сурия мавсум ба “450” ба тақсими захираи заҳрҳои қаттол ва силоҳи кимиёвӣ ба 50 муассисаи воқеъ дар гушаҳои гуногуни кишвар машғул аст, то ки дарёфт ва нобудсозии ин силоҳ ба мушкил мувоҷеҳ шавад.

Дар ин бора рӯзномаи The Wall Street Journal бо такя ба афроди расмӣ дар ИМА ва Ховари Миёна хабар додааст. Ба навиштаи нашрия, хадамоти ҷосусии Амрико ва Исроил чун пештара дар бораи макони ҷойгиршавии силоҳи кмимиёвии Сурия иттилоъ доранд ва аммо воқеъияти ин иттилоъ назар ба ним соли пеш камтар аст.

Гурӯҳи “450” чанд моҳ боз ба тақсими зарҳои қаттол ва силоҳи кимиёвӣ машғул аст ва бори ахир аз як минтақа ба дигар минтақа бурдани он ҳафтаи гузашта, баъд аз изҳороти Барак Обама дар мавриди омодагиҳо ба ҳамлаи ҳавоӣ ба Сурия, сабт шуда буд.

The Wall Street Journal бо такя ба кормандони хадамоти кашфи ИМА ва Аврупои Ғарбӣ хабар медиҳад, ки ҳама кормандони гурӯҳи “450” аз корманди оддӣ то фармондеҳ аз мазҳаби алавиянд.

Нашрия менависад, ки ИМА иттилоъ дар бораи гурӯҳи “450”-ро ҳатто аз ҳампаймонҳои худ миёни мухолифини ҳукумати Димишқ махфӣ нигаҳ медоранд, зеро аз он ҳарос доранд, ки онҳо талоши дастрасӣ ба ин силоҳи маргборро хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG