Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба консулгарии ИМА дар Ҳирот ҳамла карданд


Дар шаҳри Ҳирот, воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон, гурӯҳи ҷангҷӯён ба консулгарии ИМА ҳамла кард. Ба иттилои полис, дар тирандозӣ ду муҳофиз ба ҳалокат расида, 18 нафар ҷароҳат бардоштанд. Сухангӯи консулгарӣ хабар дод, ки дар ин ҳодиса ба нафаре аз кормандон осеб нарасидааст. Намояндаи волии Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро 60 метр дур аз бинои консулгарӣ инфиҷор кард, ба думболи ин лигар ҳамлагарон сӯи кормандони амниятӣ тир андохтанд.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи “Толибон” изҳор намуд, ки ҳамларо мусаллаҳони ҷунбиш анҷом додаанд.

Як соат баъд аз ҳамла полиси Афғонистон эъломдошт, ки авзоъ таҳти назорати мақомот қарор дорад. Ба хотири таъмини амнияти консулгарӣ гурӯҳи зудамали нерӯҳои Амрико ба минтақа расидааст.
XS
SM
MD
LG