Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти СҲШ аз баррасии қазияи Сурия шурӯъ шуд


Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон, хабар дод, ки моҳи оянда дар як конфаронси байнулмилалӣ дар Бишкек рӯи авзоъ дар Афғонистон ва масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 тамаркӯз хоҳад шуд.

Зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Бишкек рӯзи ҷумъа, 13 сентябр, сарвари Қирғизистон ҳамчунин гуфт, ки кишвараш фақат аз ҳалли дипломатии бӯҳрони Сурия пуштибонӣ мекунад. Раҳбари Чин Си Тзинпин ва раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ аз пешниҳоди Маскав дар робита ба ҳалли қазияи Сурия аз роҳи зери назорати байнулмилалӣ қарор додани силоҳи кимиёвии ин кишвар пуштибонӣ карданд.

Сарони шаш кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой – Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, раҳбарони кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва ҳамчунин ҳайатҳои аз Ҳинду Покистон дар Бишкек масоили амнияти минтақаӣ ва ҷаҳониро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG