Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лату куби як зану шавҳар дар Восеъ сокинонро ба ташвиш овардааст


Қурбонбӣ Ниёзова, мудири шуъбаи рушди иқтисоди ҳукумати ноҳияи Восеъ.
Қурбонбӣ Ниёзова, мудири шуъбаи рушди иқтисоди ҳукумати ноҳияи Восеъ.

Ҳамлаи ду фарди ниқобпӯш ба Қубонбӣ Ниёзова, масъули ҳукумати ноҳияи Восеъ ва шавҳари ӯ Ғайрат Муродов сару садои зиёдеро эҷод кардааст.

Соати сеи шаби 13-уми сентябр воридшавии ду фарди ношиноси ниқобпӯш ба хонаи онҳо ва лату куб сокинонро нигарон намудан кардааст. Ҳарчанд, ҳоло расман маълум нест, ки бо чи қасде ба ин зан ва шавҳари ӯ ҳамла сурат гирифтааст, аммо бештари сокинон ҳамларо ба фаъолияти кори ӯ рабт медиҳанд.

Қурбонбӣ Ниёзова, мӯдири Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеи ҳукумати ноҳияи Восеъ дар ҳоле дар беморхонаи марказии ноҳия бистарист, гуфт, сабаби ҳамла ба худро дарк карда наметавонад. Ӯ мегӯяд, ба ҳеҷ кас бадӣ надошт ва бо ҳеҷ нафаре худу шавҳараш муносибате, ки боиси ҳамла ба онҳо шавад надошт, аз ин рӯ, то ҳол намефаҳмад, ки чаро онҳоро лату куб карданд.

Хонум Ниёзова мегӯяд, бовар дорад, ки мақомоти тафтишотӣ сабабҳои лату куби ӯ ва шавҳарашро муайян ва ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.

Ӯ гуфт: «Ҳеҷ чизро намефаҳмам. Ҳамин қадар ҳоло дар ёдам ҳаст, ки сахт бар зидди онҳо муқобилият кардам. Гуфтам, ки ба сари шавҳарам назанед ва вақте ӯ ба замин афтод, фикр кардам, мурд. Шавҳарам аз ҳуш рафт, вале ман доду ҷавр карда, бо онҳо муқобилият нишон додам. Ҳоло чизе гуфта наметавонам, ки чаро маро заданд. Инро мақомоти тафтишотӣ муайян мекунанд. Бовар дорам, ки милисаву прокуратураи ноҳия гунаҳкоронро пайдо хоҳанд кард. Он вақт маълум мешавад, ки чаро моро лату куб карданд.»

Ғайрат Муродов, шавҳари Қурбонбӣ Ниёзова.
Ғайрат Муродов, шавҳари Қурбонбӣ Ниёзова.
Ғайрат Муродов, шавҳари ин зан мегӯяд, то ҳол наметавонад, касеро гумонбар бидонад, зеро бо ҳеҷ нафаре хонаводаи онҳо хусумат надошт.

Ӯ мегӯяд: «Ба ман ҳамла карданд, афтодам. Бо Ниёзова як нафараш қад ба қад дошт. Дубора хестам, ки гурехтанд. Ба чизи сахт заданд. Чуб набуд ё оҳан буд ё чизи дигар, ки сахт буд.»

Феълан мақомоти интизомӣ ҳодисаи латукуби ин зану шавҳарро таҳқиқ доранд. Аммо Алишер Неъматов, сардори ШКД-и ноҳияи Восеъ ҳангоми муроҷиати мо гуфт, намехоҳад дар ин маврид сӯҳбат кунад. Ӯ дар як тамоси телефонӣ гуфт,«Ма ягон гап намегум, гуфтан ҳам намехом. Саломат бошӣ.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Восеъ бидуни бурдани исмаш гуфт, бо эҳтимоли зиёд ӯ ва дигар аз ҳамкоронаш тахмин мезананд, ки лату куби Ниёзова ба фаъолияти кориаш рабт дорад. Ба қавли ин манбаъ, Ниёзова дар корҳои ташкилии ҳукумат хеле фаъол буд ва бархе ба ин фаъолии ӯ ҳасад мебурданд. Ӯ мегӯяд, ҳафтаи ахир овоза буд, ки Ниёзова ба вазифаи баландтаре меравад ва шояд ин омили лату куби ӯ шуда бошад, ки бояд зимни тафтишот ба назар гирифта шавад.

Бо дарназардошти оне, ки ҳамлагарон чизеро ба ғорат набурдаанд, бисёриҳо ба ин андеша бовар доранд.

Зафар Муродов, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки бо фаъолияти кори ин масъули ҳукумати Восеъ ошност, мегӯяд, овозаҳо дар мавриди лату куб шудан зиёд аст, аммо ҳеҷ кас дар ин миён номи ин занро ба бади ёд намекунад. Ин рӯзноманигор мегӯяд, даҳҳо бор дар бораи фаъолияти ин матлабҳои интиқодӣ ва таҳлилӣ навиштааст, аммо ӯ ҳамеша паи ислоҳи камбудӣ буда, ҳеҷ гоҳ аз танқид намеранҷид.

Ӯ гуфт:«Ҷое буд, ки мо ӯро танқид мекардем, аммо ӯ ҳамеша барои ислоҳ кӯшиш мекунад ва ҳеҷ гоҳ мисли баъзе мансабдорон аз мо душман наметарошад. Мутахассис хуб аст. Ба ҳар коре, ки масъул мешавад, ҷиддан паи хуб иҷро шудани он мегардад. Ба хусус ман ҳамчун сокини Восеъ нисбати фаъолияти ӯ гапи ганда нашунидаам, агар баъдтар пайдо нашавад.»

Қурбонбӣ Ниёзова беш аз даҳ сол боз дар ҳукумати ноҳияи Восеъ кор мекунад. То се соли пеш ӯ муовини раиси ноҳия оид ба фарҳанг буд ва ҳоло вазифаи мудири Шӯъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати Восеъро раҳбарӣ мекард. Лату куби ӯ ва шавҳараш дар ҳолест, ки миёни сокинон овозаи соҳиб шудан ба вазифаи баландтаре вуҷуд дошт.

Ин зану шавҳар ҳоло дар шӯъбаи шикастабандии беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG