Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии Назарбоев ба Тоҷикистон, пеш ё пас аз интихобот?


Масоили омодагӣ ба сафари Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин икишвар бо ҳамтои қазоқаш баррасӣ шуд.

Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 13 сентябр иттилоъ дод, ки "дидори президент Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон шоми рӯзи гузашта дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек, сурат гирифт.

Ин манбаъ меафзояд, ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба сафари расмии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ва дар ин чорчуб баргузор шудани нахустин нишасти Шӯрои олии ҳамоҳангсозии байни давлатӣ дар шаҳри Душанберо такони ҷиддӣ барои густариши равобити судбахши ду кишвар арзёбӣ карданд.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон аз ибрози назар дар бораи замони дақиқи сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Душанбе худдорӣ мекунанд, аммо мегӯянд, ин боздид дар ояндаи наздик анҷом мешавад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон "гуфтугӯи судманд, роҷеъ ба соддагардонии фазои ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, маориф, илму фарҳанг ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт."

Ба таъкиди ин манбаъ, афзоиши гардиши молу коло ва дар ин заминаи истифода кардани имконоти фаровони имавҷуда аз дигар масоил меҳварии дидору гуфтӯги раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қазоқистон буд.

Дар ин робита ҳар чӣ зудтар фаъол кардани имконоти бунёди сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон фаъол кардани маҳсулот, дар афзоиши гардиши молу коло як амри зарурӣ донист.

Қазоқистон дар ҷиҳати гардиши молу коло бо Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошуравӣ, баъд аз Русия дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Сафари расмии Нурсултон Назарбоев дар ҳолест, ки то баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон камтар аз ду моҳ боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG