Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров ва Керрӣ қазияи Сурияро баррасӣ мекунанд


Мақомоти ИМА гуфтанд, ки аризаи Сурия барои пайвастан ба Паймони манъи силоҳи кимиёвӣ, ки рӯзи панҷшанбе ба СММ ироа шуд, барои аз байн бурдани захираи ин силоҳ дар кишвар кофӣ нест.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА ва ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров шоми панҷшанбе дар Женева ба баррасии қазияи Сурия пардохтанд. Ҷон Керрӣ ибтидо изҳор намуд, ки агар дарёфти роҳҳои дипломатии ин қазия ноком шавад, Вошингтон барои истифодаи нерӯ алайҳи режими Башор Асад пойфишорӣ хоҳад кард. Сергей Лавров гуфт, ки Маскав фақат аз роҳҳали дипломатии ин қазия пуштибонӣ мекунад ва умедвори созиш бо Вошингтон аст.

Аз ин пеш Башор Асад дар мусоҳиба ба телевизиони "Русия 24" изҳор намуд, ки истифодаи силоҳи кимиёвӣ рӯзи 21 август дар канори Димишқ – дасисаи Амрико буд. Ба гуфтаи ӯ, террористон, дар Димишқ мухолифинро ҳамин гуна ном мебаранд, дар ихтиёрашон силоҳи кимиёвӣ доранд, ки аз хориҷа дастрас кардаанд ва тавассути истифодаи он мехоҳанд Амрикоро барои ҳамла ба Сурия водор созанд.
XS
SM
MD
LG