Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулодда дар Миср тамдид шуд


Мақомоти Миср вазъи фавқулоддаро дар кишвар барои ду моҳи дигар тамдид карданд. Дар изҳороти раҳбарияти Миср гуфта шудааст, ки вазъи фавқулодда дар ҳама қаламрави кишвар пойбарҷо хоҳад монд.

Баъд аз баркнаории раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ аз сӯи низомиён дар моҳи июл Миср ба гирдоби бархӯрдҳову низоъҳои сиёсӣ печидааст. Яе ҳафта пеш афроди мусаллаҳ ба ҷони вазири умури дохилии кишвар Муҳаммад Иброҳим сӯиқасд карданд. Ахиран мақомоти амниятӣ хабар доданд, ки ҳамла аз сӯи як узви гурӯҳи ифротгарои мустақар дар нимҷазираи Синой сурат гирифтааст. Аз рӯзи шанбе ба ин сӯ дар ин нимҷазира амалиёти артиш алайҳи ҷангҷӯён идома дорад.
XS
SM
MD
LG